24 Июн 2023 - 13:53
Оғози раванди судури гузарномаи электронӣ барои муҳоҷирини афғонистонӣ дар Эрон баъд аз Иди Қурбон

Сарконсули ҳукумати Толибон дар Машҳад аз оғози раванди судури гузарномаи электронӣ барои муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон баъд аз Иди Қурбон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷобири Ансорӣ-сарконсули ҳукумати Толибони Афғонистон гуфт : Судӯри гузарномаи электронӣ ба сурати ҳамзамон дар намояндагиҳои Афғонистон дар Теҳрон, Машҳад ва Зоҳидон анҷом мешавад .

Ҷобири Ансорӣ афзуд баъд аз ангуштнигории муроҷеъин аснод ба Кобул ирсол мешавад ва гузарнома онҷо чоп мешавад ва сипас ҳамонанди собиқ дар дастраси ин намояндагӣ қарор мегирад .
Пас ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 даҳҳо ҳазор шаҳрванд ба вижа ҷавонони афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрону Покистон муҳоҷират карданд.

 342/